Афзоиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти Тоҷикистон ба Украина

Сафорати Украина дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар бораи афзудани ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Украина ба андозаи 3,4 баробар дар муқоиса бо соли 2010 хабар дод. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Украина, соли гузашта ҳаҷми умумии тиҷорати мутақобила миёни Тоҷикистону Украина нисбат ба соли 2010 ба миқдори 3,2% (2,59 млн. доллари ИМА) коҳиш […]

Бахтиёр Валиев


Сафорати Украина дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар бораи афзудани ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Украина ба андозаи 3,4 баробар дар муқоиса бо соли 2010 хабар дод.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Украина, соли гузашта ҳаҷми умумии тиҷорати мутақобила миёни Тоҷикистону Украина нисбат ба соли 2010 ба миқдори 3,2% (2,59 млн. доллари ИМА) коҳиш ёфта, 79,58 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти маҳсулот ва хизматгузориҳои Украина ба Тоҷикистон ба андозаи 15,5% (12,15 млн. $) кам шуда, ба 66,1 млн. $ баробар шудааст.

Ҳаҷми воридоти маҳсулот ва хизматгузориҳои Тоҷикистон ба Украина бошад, 3,7 маротиба зиёд шуда, 13,48 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Соли 2011 ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Украина ба андозаи 6,2% (4,48 млн. $) коҳиш ёфта, муодили 73,35 млн. $ шудааст. Ҳаҷми содироти маҳсулоти Украина ба Тоҷикистон ба миқдори 19,3% (14,42 млн. $) кам шуда, 60,32 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, аз Украина ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғизойӣ, доруворӣ, масолеҳи сохтмон, гидротурбинаҳо, коғаз, техникаи маишиву кишоварзӣ, таҷҳизоти мошинӣ, маснӯоти электротехникӣ, мебел ва ғайра ворид карда мешаванд. Аз Тоҷикистон ба Украина нахи пахта, маҳсулоти ғизойӣ, аз ҷумла сабзавот ва хушкмева содирот карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...