Гӯшаи Амрико ба Китобхонаи миллӣ кӯчонида шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сафири ИМА  дар Тоҷикистон Кен Гросс маросими кушодашавии гӯшаи Амрико баргузор гардид. Дар маросим инчунин, директор ва кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони Ҳукумат, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ректорони донишгоҳҳо, муаллимон ва донишҷӯён иштирок карданд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, нахустин Гӯшаи Амрико дар Душанбе дарҳои худро соли 2005 […]

ASIA-Plus


Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сафири ИМА  дар Тоҷикистон Кен Гросс маросими кушодашавии гӯшаи Амрико баргузор гардид. Дар маросим инчунин, директор ва кормандони Китобхонаи миллӣ, намояндагони Ҳукумат, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ректорони донишгоҳҳо, муаллимон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, нахустин Гӯшаи Амрико дар Душанбе дарҳои худро соли 2005 дар китобхонаи Академияи илмҳо боз кард. Дар вақти маросим, Сафир Гросс шарҳ дод, “Бо зиёд шудани шумораи истифодабарандагони гӯша ва муввафақ шудани барномаҳоямон, эҳтиёҷ ба ҷои васеътар пайдо гардид. Мо аз қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷойгир кардани Гӯшаи Амрикои дар Китобхонаи Миллӣ бисёр хушҳол шудем.”

Ҳамзамон, сафорати ИМА гӯшаҳои Амрикоро дар Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд ва Ғарм дастгирӣ мекунад. Ҳар як гӯшаи Амрико бо саҳифаи интернетии ройгон барои ҳадафҳои таълимотӣ, маводҳои ройгон барои омӯзиши забони англисӣ, маълумотномаҳо дар бораи барномаҳои Ҳукумати ИМА, машварати маорифӣ тахмин намуда, ба ташкил клубҳои мухталиф мусоидат менамоянд. Гӯшаҳои Амрико яке аз роҳҳои мухталиф мебошанд, ки тавассути он мардуми Амрико ҷавонони Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

Ҳоло Гӯшаи Амрико дар Душанбе дар ошёнаи 4-ми Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст. Барои ворид шудан ба Китобхонаи миллӣ корти китобхона лозим аст. Кортҳо мӯҳлати эътибории 3-сола дошта, барои ворид шудан ба китобхона, аз ҷумла Гӯшаи Амрико, дар даромадгоҳи китобхона бо маблағи 10 сомонӣ дастрас мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.