Арзу шикояти сокинони шаҳри Конибодом ба раиси вилоят

Чанде қабл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ин сафар вазъи кишоварзӣ ва  иҷтимоиёт мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Сафари кории раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом аз маъракаи кишти пунбадона оғоз ёфт. Дар хоҷагии деҳқонии Миркалон – саркори […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ин сафар вазъи кишоварзӣ ва  иҷтимоиёт мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Сафари кории раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба шаҳри Конибодом аз маъракаи кишти пунбадона оғоз ёфт.

Дар хоҷагии деҳқонии Миркалон – саркори АҲД Ашӯрмат Қодиров дар масоҳати бештар аз як гектар кишти байниқаторӣ гузаронида шуда,  маъракаи кишти чигит дар хоҷагии деҳқонии Кӯчкаки АҲД  М. Назаров ҳам баргузор шуд. 

Аҳли ҷамоати деҳоти Патар соли ҷорӣ аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳравар хоханд шуд. Зеро бо мусоидати мақомоти иҷроия бо маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ дар  ин ҷо беморхонаи замонавӣ бунёд шудааст. Алҳол корҳои таъмир ба анҷом расида, беморхона бо таҷҳизоти замонавии табобатӣ таъмин шудааст.

Раиси вилоят ҳангоми боздид аз ин дармонгоҳ барои ислоҳи баъзе камбудиҳои таъмир масъулинро дастур дод ва афзуд, ки беморхонаи нав бояд дар намуди комилан зебову дилкаш ва бо сифати баланд ба сокинони деҳа хизмати тиббӣ расонад. Бинои табобатӣ аз ду ошёна иборат буда, чун маркази саломатӣ ва таваллудхона бо 35 кат  эҳтиёҷмандонро қабул хоҳад кард.

Сипас, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят сурат гирифт. Муроҷиаткунандагон дар рӯзи қабули шаҳрвандон кам набуданд. Дар ин рӯз Раиси вилоят 214 нафар сокини ноҳияро қабул кард, ки муроҷиати онҳо дархости 22 ҳазор нафарро дар бар мегирифт. Масъалаи муҳим ва ҳалталаб барои Конибодом ҳамчунон таъмини аҳолӣ бо замини наздиҳавлигӣ боқӣ мондааст. Дар ин рӯз бештар аз 150 нафар маҳз бо ҳамин мушкилот ба Раиси вилоят арз карданд.

Сокинон ба раиси вилоят аз баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, таъмини оби тозаи нӯшокӣ, таъмири роҳҳо, иншооти соҳаи иҷтимоӣ, манзилҳои истиқоматӣ, мушкилоти ҳуқуқии сокинон дар мавриди баҳси манзил ва ғайра арзу шикоят карданд.

Пас аз қабули шаҳрвандон, Раиси вилоят бо иштироки фаъолони шаҳр ҷаласаи корӣ доир намуд. Дар маҷлиси фаъолон вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва самтҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди таҳлилу баррасии Раиси вилоят қарор гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.