Сафорати ИМА ба АНМН ба маблағи 480 ҳазор $ таҷҳизот тақдим кард

Сафири ИМА Кен Гросс аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба арзиши зиёда аз 480 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот тақдим намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими тақдими таҷҳизот сардори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, генерал Рустам Назаров […]

ASIA-Plus


Сафири ИМА Кен Гросс аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба арзиши зиёда аз 480 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот тақдим намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими тақдими таҷҳизот сардори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, генерал Рустам Назаров иштирок кард. Таҷҳизоти мазкур васоити нақлиёт, василаи алоқавӣ, компютерҳо, дастгоҳҳои аккосӣ ва лавозимоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Ин лавозимот дар якҷоягӣ бо барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои ҷониби  Агентии назорати риояи қонунҳо оид ба маводи мухаддир (DEA) ва Шӯъбаи сафорат оид ба назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL), имкониятҳои кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон беҳтар мегардонад.

Сафири ИМА Кен Гросс иброз дошт: «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон қувваи касбӣ ва бонуфузест, ки омодагии хешро ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти ҷиддӣ бо мақсади густариш додани имкониятҳои худ, иброз намудааст. Бароям боиси ифтихор аст, ки имконият дорам, то ба онҳо кӯмак расонам».

Инчунин қайд намуд, ки ин таҷҳизот кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ беҳтар намуда,  бехатарии кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро таъмин менамояд.

Хайрияи мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.