Чин Тоҷикистонро ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ даъват кард

Зимни мулоқот бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар Пекин узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Сзянчжу изҳор кард, ки Тоҷикистону Чин бояд ба таври комил аз механизми машварати вазирони амнияти ҷамъиятӣ (корҳои дохилӣ) истифода намуда, сатҳи ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро  тақвият диҳанд. Ёдрас мекунем, ки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абудураҳим Қаҳҳоро […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни мулоқот бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар Пекин узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Сзянчжу изҳор кард, ки Тоҷикистону Чин бояд ба таври комил аз механизми машварати вазирони амнияти ҷамъиятӣ (корҳои дохилӣ) истифода намуда, сатҳи ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро  тақвият диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абудураҳим Қаҳҳоро ҷиҳати иштирок дар мулоқоти 7-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар давлати Чин қарор дошт.

Рӯзномаи «Женмин жибао»-и Чин менависад, Мэн Сзянчжу дар идома гуфтааст, дар давоми 20 сол аз замони барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, Чину Тоҷикистон дар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.

«Тоҷикистону Чин бояд ба табодули маълумоту таҷриба ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СҲШ, бахусус дар доираи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кӯшиш ба харҷ диҳанд», – иброз доштааст вай.

Номбурда ҳамчунин бо мақсади таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар манотиқи наздисарҳадии ҳарду кишвар таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи марзиро таъкид сохтааст.

Дар навбати худ А.Қаҳҳоров низ таҳкими ҳамкориҳо бо ҷониби Чин дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ, роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи муассир дар доираи сохторҳои СҲШ ва саҳм гузоштан дар таъмини сулҳу субот дар кишварҳо ва дар маҷмуъ минтақаро муҳим арзёбӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.