Идомаи гуфтушунид оид ба афзоиши интиқоли барқ ба Афғонистон

Миёни Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи афзудани ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон гуфтушунид идома дорад, – иброз дошт сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ. Ба гуфтаи вай, айни замон дар хусуси афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст, зеро вазифаи авалиндараҷаи ширкат таъмини истеъмолгарони дохили ҷумҳурӣ бо барқ аст. […]

Виктория Наумова


Миёни Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи афзудани ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон гуфтушунид идома дорад, – иброз дошт сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи вай, айни замон дар хусуси афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст, зеро вазифаи авалиндараҷаи ширкат таъмини истеъмолгарони дохили ҷумҳурӣ бо барқ аст.

Ғайр аз ин, ба қавли ӯ, айни замон обанбори нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон – «Норак», ки 70%-и истеҳсоли барқи кишвар ба он рост меояд, бо об пур карда мешавад.

«Барои таъмини пурраи истеъмолгарони дохили ҷумҳурӣ бо барқ ва афзоиши ҳаҷми интиқоли он ба Афғонистон, моро зарур аст, ки обанбораи Норакро бо об пур намоем ва феълан боз пур кардани 53 метр об (фарқ миёни сатҳи мӯътадили фишорӣ (910 метр) ва сатҳи ҳадди ақалл (857 метр) дар обанбор боқӣ мондааст», – гуфт сухангӯйи ширкат.

Бино ба маълумоти ширкати энергохолдингӣ, айни замон маҷрои резиши оби рӯдхонаи Вахш ба обанбор зиёда аз 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.

Дар робита ба масъалаи, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон Н.Ёдгорӣ изҳор кард, ки айни замон ҳаҷми он ба 20 МВт баробар аст. Ба қавли ӯ, ин ҳаҷм барои хизматгузории хатти интиқоли барқ ва эмин нигоҳ доштани он аз харобкориву дуздӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки хатти интиқоли барқи 220 Кв Сангтӯда-Пули Хумрӣ моҳи октябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифта, он имкон медиҳад, ки нерӯи барқи Тоҷикистон ба музофоти шимолии Афғонистон интиқол дода шавад.

Арзиши 1 Квт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон барои истеъмолгарони афғон 3,57 сентро ташкил хоҳад дод. Маврид ба ёдоварист, ки арзиши 1 Квт/соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ то ба 11 дирам (2,3 сент) расонида шуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.