Имзои лоиҳаи «Мусоидат ба рушди институтсионалии ВКХ Тоҷикистон»

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии лоиҳаи «Мусоидат ба рушди институтсионалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, санадро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд. Ба иттилои манбаъ, мақсади […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии лоиҳаи «Мусоидат ба рушди институтсионалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, санадро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади лоиҳаи мазкур мусоидат ба таҳкими зарфияти касбии кормандони дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва баланд бардоштани дониши онҳо оид ба ваколатҳои ниҳодҳои СММ ва масъалаҳои глобалӣ мебошад.

Зикр гардид, ки ҳуҷҷат ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла барқарорсозии шарокат бо марказҳои миллӣ ва байналмилалии илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хизматрасонии илмӣ-тадқиқотӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар соҳаҳои мунтахабро дар бар мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.