Хисороти сел ба ноҳияҳои Хуросону Қумсангир

Шоми 11-уми апрел бар асари селфароӣ дар қаламрави ноҳияи Хуросон ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Душанбе қатъ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон хабар доданд, дар маркази маъмурии ноҳияи Хуросон аз офати табиӣ заминҳои кишт, якчанд иншоот, аз ҷумла нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ва нуқтаи хизматгузории техникии автомашинаҳо зарар дидаанд. […]

Сайраҳмон Назриев


Шоми 11-уми апрел бар асари селфароӣ дар қаламрави ноҳияи Хуросон ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Душанбе қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон хабар доданд, дар маркази маъмурии ноҳияи Хуросон аз офати табиӣ заминҳои кишт, якчанд иншоот, аз ҷумла нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ва нуқтаи хизматгузории техникии автомашинаҳо зарар дидаанд.

Айни замон дар макони офат комиссия машғули кор буда, ҳаҷми зарари расидаро муайян хоҳад кард. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Пас аз рух додани офат кормандони хадамоти истифодабарии роҳ ба тозакунии роҳ шуруъ намуда, қарибиҳои шом ҳаракати нақлиёт тавассути он барқарор карда шуд.

Бино ба маълумоти ситоди вилоят, рӯзи 10-уми апрел бар асари фаромадани сел 2 манзили зист дар ноҳияи Қумсангир осеб дидаанд. Ҳеҷ яке аз сокинони маҳаллӣ осебе надида, ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.