Воҳидҳои махсуси ВКД тарзи гуфтушунид бо террористони эҳтимолиро меомӯзанд

Рӯзҳои 12-13-уми апрел бо дастгирии Дафтари САҲА барои кормандони воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши тарзу воситаҳои роҳандозии гуфтушунид бо террористони эҳтимолӣ бо мақсади озод кардани гаравгонон тамринҳои тактикӣ созмон дода мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе хабар доданд, тамринҳои мазкур дар доираи тренинги «Омодагии тактикии ҳайати […]

Наргис Ҳамробоева


Рӯзҳои 12-13-уми апрел бо дастгирии Дафтари САҲА барои кормандони воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши тарзу воситаҳои роҳандозии гуфтушунид бо террористони эҳтимолӣ бо мақсади озод кардани гаравгонон тамринҳои тактикӣ созмон дода мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе хабар доданд, тамринҳои мазкур дар доираи тренинги «Омодагии тактикии ҳайати раҳбарии воҳидҳои махсуси ВКД ҶТ» гузаронида мешавад, ки аз ҷониби Шуъбаи мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон (рӯзҳои 4-12-уми апрел) созмон дода шудааст.

Дар ҷараёни баргузории тренинг коршиносони байнулмилалӣ кормандони воҳидҳои махсуси ВКД ҶТ-ро бо тарзу усулҳои асосии тарҳрезии тактикии амалиёти мубориза бо терроризм ошно сохта, оид ба роҳандозии гуфтушунид бо террористон, тарзи амалӣ сохтани тирандозии нишонрас ва озодии гаравгонон машғулиятҳо доир сохтанд.

Дар ҳамин ҳол, ба масоили риояи ҳуқуқи инсон дар ҳошияи мубориза бо терроризм ва дар фаъолияти воҳидҳои махсус ҷорӣ намудани усулҳои демкоратии фаъолият таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба гуфтаи Оливер Янсер, мушовири Дафтари САҲА оид ба масоили мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, «кормандони воҳидҳои махсуси ВКД Тоҷикистон аз таҷрибаи назарраси мубориза бо терроризм бархӯрдоранд ва тренинги мазкур танҳо барои таҳкиму сайқал додани малакаву қобилиятҳои мавҷуда ва мусоидат ба тақвияти ҳамкориҳои идорӣ ва минтақавӣ дар ин самт равона шудааст». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.