Баррасии гузориши Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Женева

Date:


Дар Женева Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузориши нахустини Тоҷикистонро оид ба муҳоҷират баррасӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, аъзои Кумита ба мушкилоти раванди муҳоҷирони корӣ ва таъсири он ба қишри осебпазири ҷомеа – кӯдакону занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард.

Дар посухҳои худ Тоҷикистон хабар додааст, ки солҳои 2012-2013 бо мусоидати Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳукумат барои дақиқан муайян кардани нишондиҳандаҳои муҳоҷират аз кишвар кортҳои муҳоҷиратро такмил доданист.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки таҳияи механизми муайян кардани раванди ғайриқонунии муҳоҷират бинобар сабаби ҷой доштани мушкилот дар танзими раванди муҳоҷират дар кишварҳои таъинот ғайриимкон аст. Зикр шудааст, ки миёни Тоҷикистон ва кишварҳои асосии қабули муҳоҷирон реҷаи раводид вуҷуд надорад ва муҳоҷирон қонунӣ ба сафар мебароянд. Агар онҳо дар кишвари таъиншуда тартиботи будубошро риоя накунанд, сипас ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ табдил меёбанд.

Дар ҳисоботи Тоҷикистон шумори муҳоҷирони тоҷик тӯли солҳои 2004-2011 зикр гардидааст. Ҳамин тариқ, шумори муҳоҷирони Русияро интихобнамуда, дар соли 2004 – 254,4, соли 2005 – 466,5, 2006 – 562,0, 2007 – 727,0, 2008 – 805,0, 2009 – 692,9, 2010 – 520,8 ва соли 2001 – 750, 3 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки муҳоҷирати аҳолӣ оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ ба бор оварда, ба ҳаёти оилавӣ, вазъи занону кӯдакон таъсир мерасонад. Дар аснод, ҳамчунин дар бораи мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ва бахусус хариду фурӯши одамон, ки ба мушкилоти муҳоҷирати корӣ робита зич дорад, низ сухан меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...