Ифтитоҳи филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав дар Душанбе

Date:


Илму маърифат омили рушду пешравии ҳар як миллат буда, Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозад, – изҳор дошт имрӯз дар маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологӣ (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав) дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи президент, рушди технологияи муосир мустақиман ба кори соҳаи маориф ва сатҳи саводнокӣ дар кишвар вобаста аст.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар бахши маоиф ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Ба қавли сарвари давлат, ифтитоҳи филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав гувоҳи ин гуфтаҳост.

Президенти ҷумҳурӣ таъкид кард, ки саҳми ин муассисаи таълимӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар бахши омодасозии кадрҳои соҳибтахассус назаррас хоҳад буд.

Сарвари давлат ба мақомоти раҳбарии Русия дар мусоидат ба ифтитоҳи ин донишкада изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон аз муносибатҳои дӯстона бо Русия ифтихор дораду онро қадрдонӣ менамояд.

Дар навбати худ, ректори Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав Дмитрий Ливанов изҳор кард, ки донишкада зимни фаъолият дар Тоҷикистон нақшаҳои зиёдеро амалӣ карданист. Аз ҷумла, дар заминаи филиал бунёди парки технологӣ дар назар аст, ки дар он технологияҳои навтарин мавриди озмоиш қарор гирифта, минбаъд дар истеҳсолоти ҶТ истифода мешаванд.

«Мақомоти раҳбарии донишкада дар Тоҷикистон мактаби олии технологӣ таъсис доданист, ки дар он донишҷӯён на танҳо дар соҳаҳои куҳкориву истихроҷи маъдан

ва саноати металлургӣ, балки дар бахши нанотехнология низ касб меомӯзанд», – таъкид дошт Ливанов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...