Ҳомиёни ҳуқуқи Русия баргардонидани Н.Ҷӯраевро тақозо доранд

Як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи Русия бо дархости таваҷҷуҳ зоҳир сохтан ба аз ҷониби ҳукуматдорони Русия мунтазам риоя нашудани таъиноти Суди Аврупо оид ба истирдод ва ба ватан ғайриқонунӣ баргардонидани боздоштшудагон ба раиси Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссар оид ба ҳуқуқи инсони Шӯрои Аврупо, Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо ва Кумита оид ба масоили ҳуқуқӣ […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи Русия бо дархости таваҷҷуҳ зоҳир сохтан ба аз ҷониби ҳукуматдорони Русия мунтазам риоя нашудани таъиноти Суди Аврупо оид ба истирдод ва ба ватан ғайриқонунӣ баргардонидани боздоштшудагон ба раиси Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Комиссар оид ба ҳуқуқи инсони Шӯрои Аврупо, Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо ва Кумита оид ба масоили ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон муроҷиат карданд.

Дар муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқи Русия зикр мегардад, ки  боздоштшудагони ба ватан фиристодашуда дар он ҷо мавриди рафтори ғайриқонунӣ қарор мегиранд. Чандин ҳодисаҳо пас аз содир шудани қарори суд оид ба парвандаҳо сурат гирифта, бо ариза муроҷиаткардагон минбаъд дар тавқифгоҳҳои муваққатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дарёфт шудаанд.

Онҳо дархост кардаанд, ки бояд ҳукуматдорони Русия ҳуқуқҳои нақзшудаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Савриддин Ҷӯраев, Сӯҳроб Қозиев, Низомхон Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидовро, ки ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ғайриқонунӣ фиристода шудаанд, дубора барқарор намуда, онҳоро ба Русия баргардонанд. Зери муроҷиати мазкур 12 нафар ҳомиёни ҳуқуқи Русия имзо гузоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.