Шахси фавтида бар асари фурӯрезии бинои дар Маскав тоҷик аст

Шахси бар асари фурӯрезии бино дар шаҳри Маскав фавтида шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, ахиран, тибқи иттилои мақомоти тафтишотии кишвари иқомат, шахсияти нафари фавтида ҳангоми ҳодисаи ёдшуда рӯшан гардида, он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошандаи шаҳри Панҷакент Қушқоров Тулқин Умаралиевич (соли таваллудаш 1994) мебошад. Ба иттилои манбаъ, ҷасади Тулқин, […]

ASIA-Plus


Шахси бар асари фурӯрезии бино дар шаҳри Маскав фавтида шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, ахиран, тибқи иттилои мақомоти тафтишотии кишвари иқомат, шахсияти нафари фавтида ҳангоми ҳодисаи ёдшуда рӯшан гардида, он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошандаи шаҳри Панҷакент Қушқоров Тулқин Умаралиевич (соли таваллудаш 1994) мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади Тулқин, пагоҳ, тавассути ҳавопаймои хатсайри Москва – Хуҷанд ба Ватан фиристода хоҳад шуд.

Ҳашт нафари шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки бар асари ин ҳодиса ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд, дар ҳоли ҳозир дар шифохонаҳои гуногуни шаҳри Москва бистарианд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.