Ширкати «Исмоили Сомонӣ» дастаи «Вахш»-ро сарпарастӣ мекунад

Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» як қисмате аз маблағгузорӣ ба дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро дар соли равон ба уҳда гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси дастаи «Вахш» Исроил Шарифов хабар дод, ширкат 50%-и хароҷоти дастаро ба дӯш гирифта, қисмати боқимондаи он аз ҳисоби маблағгузории ҳукумати вилояти Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Қӯрғонтеппа сурат мегирад. Қобили зикр […]

Сайраҳмон Назриев


Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» як қисмате аз маблағгузорӣ ба дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро дар соли равон ба уҳда гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси дастаи «Вахш» Исроил Шарифов хабар дод, ширкат 50%-и хароҷоти дастаро ба дӯш гирифта, қисмати боқимондаи он аз ҳисоби маблағгузории ҳукумати вилояти Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Қӯрғонтеппа сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки соли 2009-ум низ ширкати «Исмоили Сомонӣ» барои фаъолияти дастаи футболи «Вахш» маблағгузорӣ намуда буд. Ҳамон сол даста унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футболро ба даст оварда буд. Тайи ду соли ахир даста аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати вилояти Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Қӯрғонтеппа маблағгузорӣ мешуд.

Айни замон дастаи «Вахш» дар доираи мусобиқоти чемпионати XXI-уми футболи Тоҷикистон бо дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) як вохӯрӣ анҷом дода, бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд. Бозии дигари даста рӯзи 22-юми апрел бо ССКА «Помир» дар Душанбе доир мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.