Собиқ ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев ба роҳ додани камомад дар истифодаи маблағҳои давлатӣ дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ ректор мутобиқи моддаи 245-и КҶ ҶТ (Азонихудкунӣ ё камомад) боз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ба ин парвандаи ҷиноӣ мудири хоҷагӣ ва муҳосиби донишкадаи мазкур низ ҷалб шудаанд.
«То ҳанӯз ба онҳо айбнома пешниҳод нашудааст», – таъкид карданд дар Агентӣ.
Тафсилоти парвандаи мазкур ҳангоми тафтишот алҳол шарҳ дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки аз моҳи ноябри соли гузашта Нозимҷон Нидоев ба ҳайси муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ифои вазифа мекунад.


