Мансабдорон муҳоҷирони аз фурӯрезии бино осебдидаро аёдат карданд

Кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар натиҷаи фурӯрезии бинои баландошёна дар шаҳри Маскав осеб диданду дар беморхонаҳо бистарианд, аёдат карданд. Қаблан хадамоти матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ҳоли ҳозир 8 нафар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон дар шифохонаҳои гуногуни шаҳри Москва бистарӣ буда, айни замон […]

ASIA-Plus


Кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар натиҷаи фурӯрезии бинои баландошёна дар шаҳри Маскав осеб диданду дар беморхонаҳо бистарианд, аёдат карданд.

Қаблан хадамоти матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ҳоли ҳозир 8 нафар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон дар шифохонаҳои гуногуни шаҳри Москва бистарӣ буда, айни замон вазъи саломатии чор нафар –  Умаров Аслан, Мустафоев Улмас, Эшмуродов Парвиз ва Ашӯров Аслиддин каме вазнин аст. «Вазъи саломатии дигар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон қаноатбахшу муътадил аст», – гуфта шуда буд дар хабари сафорат.

Ғайр аз ин, чанде баъдтар иттилоъ дода шуд, ки тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ шахсияти нафари фавтида ҳангоми ҳодисаи ёдшуда рӯшан гардида, он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошандаи шаҳри Панҷакент Қушқоров Тулқин Умаралиевич (соли таваллудаш 1994) мебошад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.