Маҳкум шудани сарбоз бар асари латукӯби ҳамхизмат

Суди низомии гарнизони вилояти Хатлон бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои оинномавӣ як сарбози хизмати ҳатмии ҳарбиро ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи гарнизон Зоҳир Мӯминов хабар дод, зимни мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Элмурод Сарибоев, сарбози қисми низомии №2610-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки дар ноҳияи […]

Сайраҳмон Назриев


Суди низомии гарнизони вилояти Хатлон бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои оинномавӣ як сарбози хизмати ҳатмии ҳарбиро ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи гарнизон Зоҳир Мӯминов хабар дод, зимни мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Элмурод Сарибоев, сарбози қисми низомии №2610-и нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки дар ноҳияи Панҷ воқеъ аст, гуноҳи айбдоршаванда комилан исбот гардидааст.

Ба гуфтаи судя, дар таърихи 25-уми январ Э.Сарибоев аз ҳамхизматаш Абдулқаҳҳор Абдулфайзов, ки барои нӯшидани об ба роҳрави казарма баромада буд, хоҳиш мекунад, ки баргардад, вале ҷавоби ради ӯро шунида, ба қафаси синааш чанд зарба мезанад.

«Пас аз ба бемористони ҳарбӣ интиқол додани А.Абдулфайзов, табибон муайян карданд, ки бар асари ин латукӯб чор қабурғаи ӯ шикастааст», – изҳор кард З.Мӯминов.

Номбурда афзуд, дар мурофиа айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, суд бо назардошти ҷавон будан ва гуноҳро ба гардан гирифтани Э.Сарибоев, ӯро ба муҳлати камтар дар моддаи КҶ пешбинишуда маҳкум кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.