Натиҷагирӣ аз озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврӯз»

Озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврўз» ҷамъбаст гардид. Он бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, фондҳои ҷамъиятии «Интернет» ва «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», Академияи маҷозии «ТИК барои Рушд» бо мақсади таҳияи сомонаҳои интернетӣ вобаста ба мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврўз ва инъикоси арзишҳои миллии он дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, тарғибу ташвиқи […]

ASIA-Plus


Озмуни «Сомонаи беҳтарини Наврўз» ҷамъбаст гардид. Он бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, фондҳои ҷамъиятии «Интернет» ва «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет», Академияи маҷозии «ТИК барои Рушд» бо мақсади таҳияи сомонаҳои интернетӣ вобаста ба мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврўз ва инъикоси арзишҳои миллии он дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, тарғибу ташвиқи сомонаҳои беҳтарин ҳамчун воситаи фаъоли омўзиш ва эҷодкорӣ баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар озмун хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимию илмӣ, инчунин шахсони ҳуқуқию воқеӣ ширкат варзиданд. Шоҳҷоиза ба гурўҳи муаллифони мустақил (Сўҳроб Ниёзов-лаборанти мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе, Комил Раҷабов, Мавзуна Шарафӣ, Алишер Хушвахтов, Шариф Сайфуллоев) насиб гашт. Ҳамчунин, Мурод Орифов-роҳбари ташкилоти «Tojiksoft» барои сомонаи сермазмун, Темур Бобохонов-донишҷўи курси панҷуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ барои ороиши беҳтарин, Осимҷон Хусейнов, Мирзоназир Охунов-донишҷўёни курси панҷуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон барои сомонаи беҳтарин интерактивӣ, Исмат Каримов- хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе барои маҳорати иҷро, Эҳсон Одинаев-хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ ҳамчун беҳтарин хонандаи эҷодкор ва Фарҳод Самадов-донишҷўи курси дувуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун беҳтарин донишҷў, Парвина Меликова-директори мактаби рақами 14-и шаҳри Душанбе ҳамчун беҳтарин омўзгори эҷодкор, Николай Козлов-донишҷўи курси сеюми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳамчун шаҳрванди беҳтарини эҷодкор аз ҷониби ҳакамон бо тўҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Ба унвони сайбер-малика хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе Мунира Ҳусейнова ва сайбер-амир хонандаи мактаби технологияи иттилоотию иртиботӣ дар шаҳри Душанбе Фозил Сарафрозов сазовор гаштанд. Бо қарори кумитаи тадорукотӣ мутахассиси Маркази иттилоотии иртиботии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Аслиддин Раҳмонзода бо тўҳфаи махсус сарфароз гашт.

Қобили зикр аст, ки озмун соли дувум аст, ки баргузор мегардад ва сарпарастони он Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурўҳи ширкатҳои Вавилон ва ҶСП «Тселл» мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.