Мансабдорони вилояти Хатлон барои истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати зиддифасоди вилояти Хатлон Ҳикматулло Исматов хабар дод, дар ҷараёни санҷиши филиали ҶС «Тоҷиктелеком дар вилояти Хатлон ошкор шудааст, ки 26 нафар шахсони масъул – кормандони муассисаҳои давлатӣ аз ваколатҳои мансабӣ суистеъмол намуда, телефонҳои хизматиро барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода кардаанд.
«Миёни онҳо сардухтури санитарии ноҳияи Қубодиён Эсӣ Олимов, сардори Раёсати молияи ноҳияи Мӯъминобод Давлатхӯҷа Мирмаҳмадов, сардори агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғл ва муҳоҷирати ноҳияи Носири Хусрав Шарифхон Мадалиев ва дигарон ҳузур дошта, дар маҷмуъ 26 нафар мансабдорон ба маблағи то 800 сомонӣ ҷаримабандӣ ва ҳаҷми умумии ҷарима 21 ҳазор сомониро ташкил дод», – гуфт вай.
Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони Раёсати зиддифасоди вилоят зимни санҷиши фаъолияти 63 корхонаву муассисаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 3 млн. 305 ҳазору 331 сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд. Зимни санҷиш аз ҳаҷми умумии зарар 2 млн. 522,9 ҳазор сомонӣ (76,3%) барқарор карда шудааст.


