Чанде қабл дар шаҳри Женева вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Уильям Лейс Свинг баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ба танзимдаровардани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин, Тарафҳо ба мувофиқа расиданд,ки бо кӯмаки ҳамаҷонибаи СБМ дар Тоҷикистон Маркази таълимии муҳоҷирон таъсис дода шавад.
Ҳамчунин, дар навбати худ директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират хабар доданд, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷониби кормандони намояндагии СБМ дар ҶТ як гурӯҳ баҳри кӯмак расонидан дар гузаронидани иҷрои рафти кори Коневенсияи байналмилалии CММ дар ҶТ «Оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо» фиристода хоҳанд шуд.
Тарафайн ҳамчунин оид ба дигар лоиҳаҳои дар самти муҳоҷират пиёда гардида, сӯҳбат карданд.
Уилям Лейс барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва баҳри амалӣ намудани нақшаҳои дар пеш истода, аз ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри боз ҳам бештару хубтар ба роҳ мондани ҳамкории пурсамару манфиатовар ҷонибҳоро даъват намуд.
Директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Уильям Лейс Свинг аз дастовардҳои хубу назарраси ҶТ дар самти ба танзимдарории раванди муҳоҷират изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти хубу пурсамари Хадамоти муҳоҷират баҳои баланд дод.
Тарафҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта табодули назар карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯи мутақобилан судманд баргузор гардид.



