Омӯзгор ва мактаби беҳтарини Душанбе муайян шуданд

Date:


Дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмунҳои «Мактаби сол – 2011», «Директори сол – 2011», «Муаллими сол – 2011», «Кӯдакистони сол – 2011», «Мудири кӯдакистони сол – 2011», «Мураббии сол – 2011» ва «Синфи беҳтарини сол – 2011» натиҷагирӣ кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, мактаби № 13-и пойтахт ғолиби озмуни «Мактаби сол – 2011» дониста шуда, коллективи меҳнатии мактаб бо манзили зисти сеҳуҷрадор қадрдонӣ шуд.

Директори гимназияи №9 Гулрӯ Сатторова «Директори сол – 2011» эътироф гардида, бо 3 ҳазор сомонӣ маблағ сарфароз гардонида шуд.

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси мактаби таҳсилоти умумии №78-и ноҳияи Фирдвавсӣ Виталий Рябсев дар озмуни «Муалллими сол – 2011» ғолиб омада, бо 2 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ шуд.

Ғайр аз ин, синфи беҳтарини сол низ муайян карда шуд. Мактаби №55-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар озмуни «Синфи беҳтарини сол – 2011» ғолиб дониста шуд. Акнун роҳбари ҳамин синф Ҳафизова Нигина дар ҳаҷми 200 (дусад) сомонӣ барои 10 моҳ, сардори синф Каримова Шаҳноза дар ҳаҷми 60 (шаст)  сомонӣ барои 9 (нӯҳ) моҳ, хонандагони синф 26 (бисту шаш) нафар, ҳар  кадоме  дар  ҳаҷми  50 (панҷоҳ) сомонӣ  барои 9 (нӯҳ) моҳи соли 2012 бо идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида мешаванд. 

Ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол – 2011» –  кӯдакистони     № 157 ноҳияи  Сино  дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ қадр карда шуд. Ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол – 2011» – мудири кӯдакистони № 44 ноҳияи Шоҳмансур  Усмонова Зебо бо мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 2 ҳазор  сомонӣ ва ғолиби озмуни «Мураббии сол – 2011» – мураббии кӯдакистони № 117 ноҳияи  Фирдавсӣ Аъзамова Олмахон дар ҳаҷми  1,5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...