Анвар Юнусов пешсафи рейтинги ҷаҳонии боксчиён шуд

Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс рейтинги моҳи апрели боксчиёни беҳтарини ҷаҳон дар вазнҳои олимпиро интишор кард. Боксии тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 56 кило мақоми аввалро ишғол кард. Дар нуҳ вазни дигар боксчиёни зерин пешсаф дониста шуданд: вазни то 49 кило – Ен Хун Шин (Кореяи Ҷанубӣ), то 52 кило – Миша Алоян (Русия), то 60 […]

Пайрав Чоршанбиев


Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс рейтинги моҳи апрели боксчиёни беҳтарини ҷаҳон дар вазнҳои олимпиро интишор кард. Боксии тоҷик Анвар Юнусов дар вазни то 56 кило мақоми аввалро ишғол кард.

Дар нуҳ вазни дигар боксчиёни зерин пешсаф дониста шуданд: вазни то 49 кило – Ен Хун Шин (Кореяи Ҷанубӣ), то 52 кило – Миша Алоян (Русия), то 60 кило – Яснел Толедо (Куба), то 64 кило – Томас Ли Сталкер (Англия), то 69 кило – Тарас Шелестюк (Украина), то 75 кило – Евгений Хитров (Украина), то 81 кило – Хулио Сезар Лакруз Пераза (Куба), то 91 кило – Теймир Мамадов (Озарбойҷон) ва зиёда аз 91 кило – Муҳҳаммадрасул Меҷидов (Озарбойҷон).

Ёдрас мекунем, ки Иттиҳодияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Анвар Юнусовро беҳтарин варзишгари соли 2011 дар Тоҷикистон эътироф кард.

Моҳи октябри соли гузашта пас аз пирӯзии навбатӣ дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон дар Боку ӯ ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимии Лондон-2012-ро дарёфт кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.