Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки ғарқшуда дар Варзоб

Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки 2-соларо, ки рӯзи 20-уми апрел бар асари садамаи нақлиёт дар рӯдхонаи Варзоб ғарқ шуда буд, идома медиҳанд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар натиҷаи бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони бахши ҳолатҳои фавқулода ҷасади мусофирони дигари ин автомашина Давлатова […]

ASIA-Plus


Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки 2-соларо, ки рӯзи 20-уми апрел бар асари садамаи нақлиёт дар рӯдхонаи Варзоб ғарқ шуда буд, идома медиҳанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар натиҷаи бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони бахши ҳолатҳои фавқулода ҷасади мусофирони дигари ин автомашина Давлатова Марҷонаи 24-сола, Мӯминова Азизаи 17-сола ва Мӯминова Шоҳбонуи 16-сола дарёфт карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки бегоҳии рӯзи 20 апрели соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», сокини шаҳри Душанбе, Раҳмонов Фахриддини 22-сола ҳангоми ҳаракат дар километри 18-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба садама дучор шуда, худи ронанда шаҳрванд Раҳмонов ва мусофири автомашинаи мазкур Муминов Наими 24-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ва чор нафар мусофиронаш ба дарё ғарқ шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.