Баррасии масоили ҳамкории низомии Тоҷикистону Чин

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин Лян Гуанле дар Пекин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ баррасӣ шуданд. Ёдрас мекунем, ки айни замон вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Чин қарор дорад. Бино ба маълумоти «Жэнмин жибао», […]

Виктория Наумова


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин Лян Гуанле дар Пекин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар вохӯрии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Чин қарор дорад.

Бино ба маълумоти «Жэнмин жибао», Лян Гуанле таъкид доштааст, ки Тоҷикистону Чин дар доираи СҲШ ҳамкориҳои хуби амалиро роҳандозӣ карданд. «Ҳарду кишвар оид ба як қатор масоили муҳими минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавқеи ягона ё ба ҳам монандро доранд», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли Лян Гуанле, муносиботи низомии Чину Тоҷикистон тамоили солим ва рушди устуворро касб кардаанд. «Чин дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон ба идомаи таҳкими муносибатҳои ҳамкории низомӣ дар бахшҳои гуногун омода аст», – гуфтааст узви Шӯрои давлатӣ ва вазири мудофиаи Чин. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.