Боздошти як зани гумонбар ба ғоратҳои кӯдакони хурдсол

Кормандони милиса дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, як зани 22-сола Амина Хушвахтоваро, ки ба ғорати гӯшвораҳои тилоии кӯдакони хурдсол машғул будааст, боздошт намуданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, боздоштшуда қаблан ду маротиба аз ҷониби суд ҷазо гирифта, наздик ба 20 ҳолати чунин ғоратгариҳо гумонбар дониста мешавад. «Амина бо роҳи фиреб кӯдакони […]

ASIA-Plus


Кормандони милиса дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, як зани 22-сола Амина Хушвахтоваро, ки ба ғорати гӯшвораҳои тилоии кӯдакони хурдсол машғул будааст, боздошт намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, боздоштшуда қаблан ду маротиба аз ҷониби суд ҷазо гирифта, наздик ба 20 ҳолати чунин ғоратгариҳо гумонбар дониста мешавад.

«Амина бо роҳи фиреб кӯдакони хурдсолро аз назди хонаҳои истиқоматиашон дуртар бурда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо гӯшвораҳояшонро гирифта ғайб мезадааст», – гуфтанд дар ВКД ва таъкид сохтанд, ки ҷавоҳироти ғоратшударо ӯ дар бозори «Корвон» мефурӯхтааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, бо ҳамин роҳ Оминаи Амирхонро, ки 6-сол дорад, аз кӯчаи Борбад ба маҳаллаи 65-и пойтахт  бурда, аз ӯ як ҷуфт гӯшворашро мегирад. «Ғоратгар зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз рӯйи маълумоти расида дастгир гардид», – афзуд манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.