Дуздии маблағи зиёди пулӣ аз ҷониби ноболиғон

Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ноболиғн як амали дуздии маблағи зиёди пулӣ содир шуд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 23.04.с.2012 ба ШКД ноҳияи Ҳисор шаҳрванд Холов Маъруф Дӯстович соли таваллудаш 1976, сокини кӯчаи Навоӣ хонаи 6 бо ариза муроҷиат намуд, ки санаи 09.04.с.2012 шахсони номаълум дар назди ошхонаи «Улҷабой» бо тариқи […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ноболиғн як амали дуздии маблағи зиёди пулӣ содир шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 23.04.с.2012 ба ШКД ноҳияи Ҳисор шаҳрванд Холов Маъруф Дӯстович соли таваллудаш 1976, сокини кӯчаи Навоӣ хонаи 6 бо ариза муроҷиат намуд, ки санаи 09.04.с.2012 шахсони номаълум дар назди ошхонаи «Улҷабой» бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Караван» маблағи пулӣ 57 200 сомонӣ ва 16 400 доллари ИМА-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон Бобоев Мансур Қурбоналиевич соли таваллудаш 1996, сокини кӯчаи И.Сомонӣ, хонаи 8, ҳуҷраи 15 хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи №21 ва Бобоев Раҳмиддин Қурбоналиевич соли таваллудаш 1999, сокини кӯчаи И.Сомонӣ, хонаи 8, ҳуҷраи 10 хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи №21 дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.