Шикояти сокинони Нуробод аз бепарвоии ҳукумат

Пас аз омадани сел дар деҳаи Сабзиқадами ҷамоати Мучихарфи ноҳияи Нуробод чанде аз оилаҳои осебдидаи ин деҳа то ҳанӯз маҷбуранд, ки дар хонаҳои ҳамсояҳову хешу табор зиндагӣ кунанд. Сокинони деҳа аз он шикоят доранд, ки ҳукуматдорон ба ҳоли онҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир сохта, ҷиҳати ба ҷойи бехавф кӯчонидани мардум ҳеҷ чорае намеандешанд. Субҳи рӯзи 1-уми апрел […]

Наргис Ҳамробоева


Пас аз омадани сел дар деҳаи Сабзиқадами ҷамоати Мучихарфи ноҳияи Нуробод чанде аз оилаҳои осебдидаи ин деҳа то ҳанӯз маҷбуранд, ки дар хонаҳои ҳамсояҳову хешу табор зиндагӣ кунанд.

Сокинони деҳа аз он шикоят доранд, ки ҳукуматдорон ба ҳоли онҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир сохта, ҷиҳати ба ҷойи бехавф кӯчонидани мардум ҳеҷ чорае намеандешанд.

Субҳи рӯзи 1-уми апрел бар асари боришоти зиёд дар ин ҷо сел омада, се манзили зист пурра зери лойқаи он мондаанд ва боз чанд хонаҳои дигар қисман зарар дидаанд.

Сокини 46-солаи деҳа, падари 10 фарзанд Саломатшо Олимов мегӯяд, дар як лаҳза аз манзили зист маҳрум ва қитъаи боғаш низ бо 500 адад ниҳоли мевадор зери лойқа мондааст.

«Хушбахтона, офат субҳ рух дода, имкон ёфтем, ки аз талафоти ҷонӣ эмин бимонем. Айни замон мо маҷбурем, ки дар хонаи ҳамсояву хешу ақрабо зиндагӣ кунем, зеро ба манзили зисти худамон баргаштан ғайриимкон аст», – иброз дошт Олимов.


Ба гуфтаи ӯ, пас аз чанд рӯзи омадани сел сокинони деҳа х


аробиҳову 


оқибатҳои онро дар видео наворбардорӣ кардаанд.

«Мо ба ҳукумати маҳаллӣ, ситоди маҳаллии ҳолатҳои фавқулода муроҷиат кардем, вале онҳо ҳеҷ вокунише нишон надоданд. Сипас ман маҷбур ба Душанбе омада, диски сабти наворҳои оқибати офат ва аризаи сокинонро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ пешниҳод кардам, вале аз он ҷо ҳам то ҳанӯз посухе нагирифтаем», – шикоят мекунад сокини маҳаллӣ.

Дар аризаи худ сокинони осебдидаи деҳа дархост кардаанд, ки ба онҳо дар макони бехавф манзили зист дода шавад. «Дар ҳукумати маҳаллӣ ба мо қитъаи замин дар ҳамин ноҳия пешниҳод карданд, вале он дар макони дурдаст воқеъ буда, он ҷо чизе нашъунамо намеёбад. Мо дар ин заминҳо чӣ гуна ба кори маъмулии кишоварзӣ машғул мешавем?», – суол медиҳад ҳамсуҳбат.

Дар робита ба ин масъала муовини раиси КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ Бахтиёр Орифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дар бораи офати табии дар ин деҳа рухдода хабардор аст. «Мо бо ситоди маҳаллӣ бори дигар дар тамос шуда, дубора санҷидани далелҳоро талаб мекунем ва сипас бо ҳукумати маҳаллӣ чора хоҳем андешид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.