Лавров: Тоҷикистон ба боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия манфиатдор аст

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, мақомоти раҳбарии Тоҷикистон изҳор кардааст, ки  ба минбаъд боқӣ мондани пойгоҳи низомӣ ва дигар иншооти Русия дар қаламрави кишвар манфиатдор аст. «Мо масъалаҳои марбут ба будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ кардем», – зикр кард С.Лавров ва илова […]

Виктория Наумова


Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, мақомоти раҳбарии Тоҷикистон


изҳор кардааст, ки 

ба минбаъд боқӣ мондани пойгоҳи низомӣ ва дигар иншооти Русия дар қаламрави кишвар манфиатдор аст.

«Мо масъалаҳои марбут ба будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ кардем», – зикр кард С.Лавров ва илова намуд, ки пойгоҳи низомии мазкур амнияти умумии дастаҷамъӣ дар доираи қарордодҳои дар СААД қабулшударо таъмин мекунад ва воҳидҳои пойгоҳ ба Қувваҳои дастаҷамъии зудамали ин созмон шомиланд.

Ба гуфтаи вай, имрӯз Тоҷикистон манфиатдории худро ба боқӣ мондани пойгоҳи низомӣ ва дигар иншооти Русия дар қаламраваш тасдиқ намуд.

Дар посух ба суоли имзои созишномаи нав миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҶТ, С.Лавров иброз дошт, ки лоиҳаи созишнома мавриди гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дорад.

«Гуфтушунидҳо идома меёбанд. Президенти Тоҷикистон изҳор кард, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунид бобати ба имзо расонидани созишномаи нав дар бораи будубоши низомиёни Русия дар Тоҷикистон супоришҳо дахлдор хоҳад дод ва мо низ ба ин омодаем», – афзуд С.Лавров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.