Суди ноҳияи Мастчоҳ сокини 48-солаи деҳаи Сабақи ҷамоати Палдорки ноҳияи Мастчоҳ Маҳадмирзо Шарифовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят) ва 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор дониста ба муддати 11 соли зиндон маҳкум намуд, вале бо назардошти Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» муҳлати ҷазои ӯ аз чор як ҳисса кам шуда, ба 8,5 сол муқаррар шуд.
Бино ба маълумоти мақомоти прокуатураи ноҳияи Мастчоҳ, 3-юми майи соли 2011 писари Шарифов ҳангоми чаронидани чорвои хешовандонаш бо сокини маҳаллӣ Абдураҳим Сафаров баҳс мекунад.
«Маҳкумшуда аз ин хабардор гардида, ба Сафаров занг мезанад ва мегӯяд, ки рӯзи дигар ин масъаларо ҳал мекунанд. Рӯзи 4-уми май ӯ бо аслиҳаи шикорӣ ба назди Сафаров рафта, ба сӯйи ҳамдеҳааш чанд тир холӣ мекунад. Сарфи назар аз ҷароҳатҳои вазнин бардоштани Сафаров, ба табибони наҷоти ӯ муяссар гардид», – гуфтанд дар прокуратура.
М.Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотии низомаш шадид адо хоҳад кард.


