Маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон – беш аз 1,9 млрд. $

Date:


Сандуқи сармоягузории Тоҷикистон ба санаи 1-уми апрели соли 2012 дорои 60 лоиҳаҳои давлатӣ мебошад, ки маблағи умумии онҳо 9,2 млрд. сомонӣ (беш аз 1,9 млрд. $)-ро ташкил медиҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, айни замон дар кишвар 21 лоиҳаи қарзии сармоягузорӣ, 24 лоиҳаи бурсӣ амал карда, маблағгузории боз 15 лоиҳа ҳам аз ҳисоби қарзҳо ва ҳам дар асоси кӯмаки бебозгашт татбиқ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон амалисозии як лоиҳаи сармоягузории давлатӣ оғоз гардидааст. «Дар маҷмуъ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунанда аз ҳисоби 19 сарчашма маблағгузорӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми азхудкунии воситаҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 40 млн. $ маблағро ташкил додааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 8,1% зиёдтар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...