Дар Суғд сел ду пулро хароб кард

Date:


Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари фаромадани сел ду пул хароб гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бар асари боришоти шадиди бардавом сатҳи оби канали «Томчи-сой» хеле боло рафта, ба ҷараёни бузурги сел мубаддал шудааст. «Ҷараёни сел дар ҳаҷми 100-120 метри мукааб, ки аз ҷониби Қирғизистон фаромад, дар як муддати кӯтоҳ ду пули 36-метра дар қаламрави ҷамоати Ӯзбекқишлоқро хароб сохта, ҳамчунин ба заминҳои кишт зарар расонид», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти кумита.

Ба иттилои манбаъ, аз боришоти шадид ҳамчунин иншооти хоҷагидории давлативу хусусии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва Ҳисор осеби зиёд дидаанд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли равон бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

14 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳаҷми маблағи зарар аз офатҳои табиӣ дар ин давра беш аз 2 млн. 342 ҳазор сомониро ташкил додааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...