Дар Кӯлоб аз 5608 нафар иштирокчиёни ҶБВ 67 нафар зиндаанд

Дар Кӯлоб иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашни 25-умин солгарди дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтани Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро таҷлил намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Асадулло Қурбонов хабар дод, чорабинӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷасссамаи қурбониёни ҷанг ба хотири ёдбуд оғоз гардид. Ба гуфтаи А.Қурбонов, дар майдонҳои […]

Турко Дикаев


Дар Кӯлоб иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашни 25-умин солгарди дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтани Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро таҷлил намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Асадулло Қурбонов хабар дод, чорабинӣ аз маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷасссамаи қурбониёни ҷанг ба хотири ёдбуд оғоз гардид.

Ба гуфтаи А.Қурбонов, дар майдонҳои набарди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар маҷмуъ 5608 нафар сокинони Кӯлоб иштирок карда, то ба имрӯз ҳамагӣ 67 нафари онҳо зиндаанд.

Номбурда гуфт, дар ҷанг кӯлобиён аз худ қаҳрамониву шуҷоати зиёд зоҳир сохтаанд. «Се нафар кӯлобиён ба унвони боифтихори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида, як нафар ба Ордени Шараф лоиқ дониста шудааст», – афзуд А.Қурбонов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.