Номақбулии вуруди муҳоҷирони тоҷик ба Русия

Тайи ним соли ахир ҳангоми сафар ба Русия муҳоҷирони кории тоҷик ба мушкилоти шахси номақбул будан барои Русия мувоҷеҳ гардида, вурудашон ба ин кишвар манъ мешавад. Дар ҷараёни конфронс таҳти унвони «Мушкилот ва хатарҳои муҳоҷират ба ФР: ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсон бидуни шаҳрвандӣ», ки дар шаҳри Санкт-Петрбурги Русия мегузарад, директори иҷроияи Маркази […]

ASIA-Plus


Тайи ним соли ахир ҳангоми сафар ба Русия муҳоҷирони кории тоҷик ба мушкилоти шахси номақбул будан барои Русия мувоҷеҳ гардида, вурудашон ба ин кишвар манъ мешавад.

Дар ҷараёни конфронс таҳти унвони «Мушкилот ва хатарҳои муҳоҷират ба ФР: ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсон бидуни шаҳрвандӣ», ки дар шаҳри Санкт-Петрбурги Русия мегузарад, директори иҷроияи Маркази ҳуқуқи инсони шаҳри Хуҷанд Авазхон Алимов гуфт, танҳо дар моҳҳои январ-феврали соли равон 253 нафар сокинони вилояти Суғд маҳз бо сабаби шахси номақбул будан барои Русия дар марзҳо бо мушкилот дучор шудаанд.

«Дар ҳамин ҳол, муҳоҷир огоҳ нест, ки дар бораи барои Русия шахси номақбул будани ӯ қарор қабул шудааст. Муҳоҷиронро танҳо дар посгоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳо аз ин огаҳ сохта, онҳоро ба ватан бозпас бармегардонанд», – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Алимов, дар як қатор фуруддгоҳҳои Русия муҳоҷирони кории тоҷик ба ин ҳолат дучор шудаанд. «Зимни суҳбат бо онҳо мо ошкор сохтем, ки чанде аз онҳо зимни қаблан дар Русия қарор дошта ба қонуншиканиҳои маъмурӣ, аз қабили саривақт тарк накардани кишвар, насупоридани ҷарима ва ғайра роҳ додааст, вале онҳоро он замон на истирдод кардаанду на ҷазои маъмурӣ додаанд. Тааҷҷубовар он аст, ки муҳоҷиронро шахсони номақбул эълон мекунанд. Агар сухан сари арбобони маъруфи сиёсиву ҷамъиятӣ мерафт, боке набуд, вале шахси номақбул эълон карданин муҳоҷиреро, ки барои қути лоямут кор кардан барои оила ба сафар мебарояд, нофаҳмо аст», – изҳор доштааст ҳомии ҳуқуқ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар қонун муҳлати манъи вуруди шахси номақбул зикр нагардидааст. «Аз номи муҳоҷирони кории тоҷик мо ба унвони мақомоти дахлдори Русия оид ба ин масъалаҳо муроҷиат кардем, вале то ҳанӯз аз онҳо посухе нарасидааст», – афзуд Алимов. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.