Дар Суғд сел ду пулро хароб кард

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари фаромадани сел ду пул хароб гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бар асари боришоти шадиди бардавом сатҳи оби канали «Томчи-сой» хеле боло рафта, ба ҷараёни бузурги сел мубаддал шудааст. «Ҷараёни сел дар ҳаҷми 100-120 метри мукааб, ки аз ҷониби Қирғизистон […]

Виктория Наумова


Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари фаромадани сел ду пул хароб гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бар асари боришоти шадиди бардавом сатҳи оби канали «Томчи-сой» хеле боло рафта, ба ҷараёни бузурги сел мубаддал шудааст. «Ҷараёни сел дар ҳаҷми 100-120 метри мукааб, ки аз ҷониби Қирғизистон фаромад, дар як муддати кӯтоҳ ду пули 36-метра дар қаламрави ҷамоати Ӯзбекқишлоқро хароб сохта, ҳамчунин ба заминҳои кишт зарар расонид», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти кумита.

Ба иттилои манбаъ, аз боришоти шадид ҳамчунин иншооти хоҷагидории давлативу хусусии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва Ҳисор осеби зиёд дидаанд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли равон бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

14 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳаҷми маблағи зарар аз офатҳои табиӣ дар ин давра беш аз 2 млн. 342 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.