Афзоиши шумори коргарони маҳаллӣ дар сохтмони корхонаи сементи Ёвон

Дар сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз сафи коргарони маҳаллӣ меафзояд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика хабар доданд, ҶММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон ва Ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» дар якҷоягӣ Ширкати муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-ро соли 2011 таъсис дода, дар ноҳияи Ёвон моҳи сентябри соли гузашта ва бунёд намудани […]

ASIA-Plus


Дар сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз сафи коргарони маҳаллӣ меафзояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика хабар доданд, ҶММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон ва Ширкати хитоии «Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент» дар якҷоягӣ Ширкати муштараки «Хуаксин Ғаюр семент»-ро соли 2011 таъсис дода, дар ноҳияи Ёвон моҳи сентябри соли гузашта ва бунёд намудани корхонаи сементбарорӣ шурўъ намуданд, ки иқтидори солона 1 млн. тонна семент ва ҳаҷми маблағгузорӣ 100 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, то имрўз асосноккунии техникӣ- иқтисодӣ анҷом дода шуда, айни замон 25 нафар мутахассисони хитойӣ ва 110 нафар коргарони маҳаллӣ ба корҳои омодагӣ ва тахту ҳамворкунӣ машғуланд. Маблағи то ин вақт азхудкардаи корҳои иҷрошуда 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки баъди сохта ба истифода додани завод, зиёда аз 1000 нафар коргарон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шуда, бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ таъмин мегардад, як қисми он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад. Аз ин шумора 80 фоизи онро коргарони маҳаллӣ ва 20 фоизашро мутахассисони хитойӣ ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.