Узвияти Тоҷикистон ба Комиссияи СММ оид ба рушди устувор

Чанде қабл дар Ню-Йорк дар иҷлоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар Комиссияи СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2013-2016 бо иттифоқи оро интихоб гардид. Комиссияи рушди устувор ниҳоди байниҳукуматӣ буда, ба сифати комиссияи тахассусии  Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ аз 53 кишвари узв, ки аз ҷумлаи кишварҳои аъзои СММ ва […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Ню-Йорк дар иҷлоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар Комиссияи СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2013-2016 бо иттифоқи оро интихоб гардид.

Комиссияи рушди устувор ниҳоди байниҳукуматӣ буда, ба сифати комиссияи тахассусии  Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ аз 53 кишвари узв, ки аз ҷумлаи кишварҳои аъзои СММ ва муассисаҳои вежаи он интихоб мешаванд, иборат аст.

Комиссияи рушди устувор декабри 1992 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба манзури таъмин намудани фаъолияти баъдии муассир дар мавриди натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд, ки бо номи Иҷлоси сатҳи баланди «Сайёраи Замин» низ шӯҳрат дорад, таъсис ёфта буд.

Вазифаи Комиссия таҳлил намудани пешрафт дар соҳаи иҷрои Рӯзномаи асри XXI ва Эъломияи Рио-де-Жанейро оид ба муҳити зист ва рушд, инчунин таъмин намудани ҳидояти сиёсӣ дар масъалаҳои амалӣ намудани тадбирҳои баъдӣ дар чаҳорчӯби татбиқи Барномаи Йоҳаннесбург оид ба иҷрои қарорҳо дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар Барномаи Йоҳаннесбург нақши Комиссияи рущди устувор ба сифати форуми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои рушди устувор дар чаҳорчӯби системаи СММ таъкид шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.