Оғози Чемпионати Осиё оид ба таэквон-до дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи ба ифтихори Рӯзи пойтахт, бори нахуст дар Тоҷикистон аз 27-ум то 29-уми апрели соли 2012 таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе бо  иштироки дастаҳои беҳтарини 20 кишвари Осиё баргузории Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ITF- Федератсияи байнамилалии таэквон-до), Президенти Федератсияи байнамилалии таэквон-до, узви Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, профессор Чанг Унг […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи ба ифтихори Рӯзи пойтахт, бори нахуст дар Тоҷикистон аз 27-ум то 29-уми апрели соли 2012 таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе бо  иштироки дастаҳои беҳтарини 20 кишвари Осиё баргузории Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ITF- Федератсияи байнамилалии таэквон-до), Президенти Федератсияи байнамилалии таэквон-до, узви Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, профессор Чанг Унг ва Раиси федератсияи таэквон-до-и Осиё ҷаноби Ким Кёнг Хуро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ доданд, зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Чанг Унгро  барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар  чемпионати мазкур самимона шодбош гуфта, изҳори умед ва боварӣ кард, ки  мавсуф барои дар ояндаи наздик боз ҳам баланд бардоштани сатҳи мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар ва ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе вобаста аз таҷриба ва имкониятҳои доштааш нақши муассир мегузорад. «Зеро бо ташаббус ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои ташаккулёбии соҳаи варзиш ва тавассути оммавияти он тақвиятбахшии пешбурди тарзи ҳаёти солим ва беҳдошти сиҳатии омма дар кишвар, беш аз ҳамеша равнақ ёфтани бунёди иншооти варзишии сатҳи мухталифу ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилаӣ тарҳрезии чунин мусобиқоти ҷаҳонӣ мувофиқ ба мақсад мебошад», – гуфт раиси пойтахт

Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Чанг Унг аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти суратгирифта изҳори сипосмандӣ намуда, бо ташаккур аз даъват ва ташкили чемпионати мазкур зикр сохт, ки дастпарварони Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин варзишгарон маҳсуб меёбанд ва дастгириҳои давлатӣ дар рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон шостаи таҳсин мебошад. Ҳамзамон бо дарназардошти пешниҳодоти ироанамудаи Раиси шаҳр афзуд, ки тамоми тадбирҳоро минбаъд низ барои рушди соҳаи варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ дар Душанбе хоҳад андешид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.