Омодагӣ ба ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи XV-уми Шӯрои Олии ҶТ

Бо иштироки нахуствазир Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукоти ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Тавре аз котиботи нахуствазир иттилоъ доданд, ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашн бо қарори ҳукумат тасдиқ гардида, нақшаи чорабиниҳои ҷашн тартиб дода шудааст. Дар асоси ин нақша дар саросари мамлакат чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ доир […]

Виктория Наумова


Бо иштироки нахуствазир Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукоти ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре аз котиботи нахуствазир иттилоъ доданд, ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашн бо қарори ҳукумат тасдиқ гардида, нақшаи чорабиниҳои ҷашн тартиб дода шудааст.

Дар асоси ин нақша дар саросари мамлакат чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардида, нишасту ҳамоиш ва конфронсҳои илмӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин таҳияи китобу асарҳо ва намоиши аксу мусаввараҳо дар назар буда, сохтмону азнавсозӣ ва тармиму таҷдиди 260 иншооти гуногуни ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.

Оқил Оқилов аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори давлатиро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва омодагии ҳамаҷониба гузаронидани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои нишондодҳои чорабиниҳои таҳияшударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.