Дастоварди навбатии толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз Олимпиадаи VII-уми Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елсини Русия, ки аз 21 то 25-уми апрели соли равон баргузор шуд, 91 медал ба даст оварданд. Дар олимпиадаи мазкур аз макотиби пойтахти ҷумҳурӣ 96 нафар хонандагон иштирок карданд. Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев хабар […]

Меҳрангез Турсунзода


Толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз Олимпиадаи VII-уми Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елсини Русия, ки аз 21 то 25-уми апрели соли равон баргузор шуд, 91 медал ба даст оварданд. Дар олимпиадаи мазкур аз макотиби пойтахти ҷумҳурӣ 96 нафар хонандагон иштирок карданд.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев хабар дод, олимпиада аз рӯйи 11 фанни таълимӣ доир гардидааст. Тибқи натоиҷи он, аз рӯйи фанҳои физика, математика, биология, информатика ва забони русиву англисӣ 43 нафар толибилмони тоҷик медали тилло, 18 нафар медали нуқра ва 30 нафар соҳиби медали биринҷӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин олимпиадаи байнулмилалӣ ба ҷуз толибилмони тоҷик, ҳамчунин намояндагони Қазоқистон, Украина, Белорус, Русия, Озарбойҷон, Олмон ва Чехия низ иштирок кардаанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон толибилмони тоҷик аз Олимпиадаи байнулмилалӣ дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) 13 медал ва аз Олимпиадаи XXIV-уми анъанавии математикии Осиё ва Уқёнуси Ором ва Олимиадаи байнулмилалии XI-уми «Роҳи Абрешим» боз 12 медал ба даст оварда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.