Бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон – беш аз 950 млн. $

Бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон дар аввали моҳи равон беш аз 4,5 млрд. сомонӣ ё худ зиёда аз 950 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ дар айни замон тамоюли асосии рушди низоми бонкии кишварро инъикос менамояд ва самараи он тули бештар аз чор соли охир […]

ASIA-Plus


Бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон дар аввали моҳи равон беш аз 4,5 млрд. сомонӣ ё худ зиёда аз 950 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ дар айни замон тамоюли асосии рушди низоми бонкии кишварро инъикос менамояд ва самараи он тули бештар аз чор соли охир мушоҳида мешавад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, алалхусус моҳҳои охир пасандозҳо дар бонкҳои кишвар зиёд шуда истодаанд. «Масалан, дар моҳи марти соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 фоиз афзуд», – гуфтанд дар БМТ.

 Ба иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 44,5 фоиз ё 2019,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,5 фоиз ё 2520,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Фоизи миёнавазни пасандозҳо бошад, дар семоҳаи якуми соли 2012 бо пули миллӣ 16,47 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 13,66 фоизи солона баробар шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.