Чораҳои ҳукумат ҷиҳати рафъи оқибатҳои офат дар Кӯлоб

Date:


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиии чанд рӯзи ахир дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ чора меандешад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бар асари фаромадани сел дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳудуди 300 манзили зист осеб дидаанд, ки дар онҳо ё тарқишҳои бузург пайдо шудааст ва ё умуман барқарор карданашон ғайриимкон аст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ноҳияи Мӯъминобод қисман ё пурра 104, дар ноҳияи Восеъ – 52, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 43 ва дар ноҳияи Темурмалик – 65 манзили зист хароб шудаанд. «Дар сари роҳи худ селу лойқа роҳҳо, пулҳои миёни маҳаллаҳои аҳолинишинро шуста, ба заминҳои кишт зарар расонид», – гуфтанд дар кумита.

Ба кӯмаки осебдидагон намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сафарбар шуда, дар макони офат ситодҳои ҳолатҳои фавқулода амал мекунанд.

Айни замон дар бораи ба куҷо кӯчонидани аҳолии осебдида маълумот дода намешавад.

Бино ба маълумоти КҲФ, рӯзҳои 29-30-юми апрел аз боришоти зиёд ва фаромадани сел шаҳру навоҳии Ваҳдат, Файзобод вав Спитамен низ хисорот бардоштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...