Ташрифи як гурӯҳи вакилони парлумони Аврупо ба Душанбе

Субҳи имрӯз як гурӯҳи вакилони парлумони Аврупо ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар дод, ҳайти вакилони парлумони Аврупо иборат аз 9 нафарро вакили парлумони Аврупо Пауло Бертучи сарварӣ менамояд. Санаи 4-уми […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз як гурӯҳи вакилони парлумони Аврупо ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар дод, ҳайти вакилони парлумони Аврупо иборат аз 9 нафарро вакили парлумони Аврупо Пауло Бертучи сарварӣ менамояд.

Санаи 4-уми май дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир мегардад.

Дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ҳайати парлумони Аврупо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст. Дар дидору гуфтушунид баррасии масоили марбут ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи Созишнома дар бораи муносибатҳои шарикона ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, 14-15-уми марти соли 2011 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи нахустини Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа масоили марбут ба риояи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, вазъи сиёсӣ дар кишвар, ҷараёни роҳандозии ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, идораи захираҳои обӣ, амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.