Чораҳои ҳукумат ҷиҳати рафъи оқибатҳои офат дар Кӯлоб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиии чанд рӯзи ахир дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ чора меандешад. Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бар асари фаромадани сел дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳудуди 300 манзили зист осеб дидаанд, ки дар онҳо ё тарқишҳои бузург пайдо шудааст ва ё […]

Наргис Ҳамробоева


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиии чанд рӯзи ахир дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ чора меандешад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бар асари фаромадани сел дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳудуди 300 манзили зист осеб дидаанд, ки дар онҳо ё тарқишҳои бузург пайдо шудааст ва ё умуман барқарор карданашон ғайриимкон аст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ноҳияи Мӯъминобод қисман ё пурра 104, дар ноҳияи Восеъ – 52, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 43 ва дар ноҳияи Темурмалик – 65 манзили зист хароб шудаанд. «Дар сари роҳи худ селу лойқа роҳҳо, пулҳои миёни маҳаллаҳои аҳолинишинро шуста, ба заминҳои кишт зарар расонид», – гуфтанд дар кумита.

Ба кӯмаки осебдидагон намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сафарбар шуда, дар макони офат ситодҳои ҳолатҳои фавқулода амал мекунанд.

Айни замон дар бораи ба куҷо кӯчонидани аҳолии осебдида маълумот дода намешавад.

Бино ба маълумоти КҲФ, рӯзҳои 29-30-юми апрел аз боришоти зиёд ва фаромадани сел шаҳру навоҳии Ваҳдат, Файзобод вав Спитамен низ хисорот бардоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.