Хатсайри нави Хуҷанд-Кӯлоб-Қӯргонтеппаи ширкати «Тоҷик-Эйр»

Шуруъ аз 1-уми май Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» ба анҷоми парвозҳо тавассути хатсайри Хуҷанд-Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Хуҷанд оғоз кард. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе тариқи ҳавопаймои навъи МА-60 ба иҷро мерасанд. Тавре аз маркази матбуоти ширкат хабар доданд, вақти парвоз аз фурудгоҳи Хуҷанд – 13:00, аз Кӯлоб – 15:00 ва аз Қӯрғонтеппа 16:20 дақиқа аст. «Арзиши […]

Меҳрангез Турсунзода


Шуруъ аз 1-уми май Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» ба анҷоми парвозҳо тавассути хатсайри Хуҷанд-Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Хуҷанд оғоз кард. Парвозҳо дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе тариқи ҳавопаймои навъи МА-60 ба иҷро мерасанд.

Тавре аз маркази матбуоти ширкат хабар доданд, вақти парвоз аз фурудгоҳи Хуҷанд – 13:00, аз Кӯлоб – 15:00 ва аз Қӯрғонтеппа 16:20 дақиқа аст. «Арзиши билет аз Хуҷанд ҳам ба Кӯлобу ҳам ба Қӯрғонтеппа 60 доллари ИМА аст», – гуфтанд дар маркази матбуот.

Айни замон ҳиссаи ҳамлу нақли ширкати «Тоҷик Эйр» дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон 29,6% (470,5 ҳазор нафар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 камтар аст, вале сарфи назар аз ин, соли 2011 ҳаҷми бору мусофиркашонии ҳавопаймоҳо ба ҳисоби миёна 4,6% афзуда, даромади ширкат ба андозаи 10% зиёд гардид.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба ҳашт шаҳри Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Чин, АМА ва дар хатсайрҳои маҳаллӣ ба шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ мунтазам парвозҳо анҷом медиҳад.

Ояндаи наздик ширкат ният дорад, ки ба самти шаҳрҳои Бангкок, Дубай, Деҳлӣ, Қарочӣ, Исломобод ва Сеул хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ намояд. Аз 18-уми январи соли 2012 ширкат парвозҳо ба шаҳри Истамбулро дубора аз сар гирифт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.