Радиои «Азия-Плюс» ба пахши мавҷҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуд. Акнун барномаҳои ин радио ба сокинони ҳам шаҳри Қӯрғотеппаву ҳам навоҳии гирду атрофи он, аз қабили Сарбанд, Вахш Румӣ ва Бохтар дастрас аст.
Аудиторияи имконпазир дар минтақаи мазкур ҳудуди 450 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа низ пахши барномаҳои радио чун дар пойтахт тавассути басомади 107 FM сурат мегирад. Интиқоли басомад тавассути дастгирии техникии ширкати «Вавилон-Т» амалӣ гардид.
Ёдрас мекунем, ки радиои «Азия-Плюс» нахустин радиои мустақили шаҳри Душанбе буда, 9-уми сентябри соли 2002 ба пахши барномаҳо оғоз кард. Радио ба шунавандагон бо ду забон – тоҷикиву русӣ барномаҳои иттилоотӣ ва фароғатӣ пешниҳод менамояд.


