Раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ба номзадии узви палатаи болоии парлумони кишвар пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи интихобот ба як ҷойи холишуда дар палатаи болоии парлумони кишвар ба ивази Нуриддин Саидовро ба рӯзи 9-уми июн муайян кард. Нуриддин Саидов аввали моҳи январ ба мансаби вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супурд.
Айни замон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ боз як ҷой холӣ аст. Аввали соли равон собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари Давлат Матлубхон Давлатов ба вазифаи муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, аз узвияти Маҷлиси миллӣ хориҷ шуд. Мутобиқи қонунгузорӣ, узви палатаи болоии парлумонро ба ин ҷой президент таъин мекунад.
Қобили зикр аст, ки палатаи болоии парлумони кишвар аз 33 нафар аъзо иборат буда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб менамоянд ва 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.
Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон агар ихтиёран аз ин ҳуқуқ даст накашанд, метавонанд якумр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд.
Муҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 сол аст. Бо анҷоми ин муҳлат интихоботи нав гузаронида мешавад.



