Оғози омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Дата:


Дар майдони маҷмааи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА корҳои таъмиру таҷдид ба анҷом расонида шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, ин корҳо дар доираи марҳилаи аввали омодагӣ ба таҷлили ҷашни 700-солагии файласуфи машҳури тоҷику форс, рӯҳонии маъруф ва олим Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки соли 2014 баргузор мешавад, ба иҷро расидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар мақомоти дахлдор як қатор пешниҳодоти Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба барқарор ва рушди иншооти зербинои иҷтимоии минтақа дар робита ба ин ҷашн мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар робита ба ин масъала гуфт, ӯ бо сафири Эрон дар Тоҷикистон аллакйа ду вохӯрӣ доир карда, оид ба тамоми масоили марбут ба ин ҷашн тавофуқи усулӣ ҳосил шудааст.

Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги  фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон  ба шумор меравад. Ӯро дар мамолики  Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили  Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпушт, Мири Сиёҳпушт, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное