Офат ба Кӯлоб 3,2 млн. сомонӣ хисорот овард

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Кӯлоб, боришоти пуршиддат тайи як моҳи ахир дар маҷмуъ ба хоҷагидории шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми 3,2 млн. сомонӣ хисорот овардааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти мазкур хабар дод, аз ҳама бештар бахши кишоварзии ноҳияи Кӯлоб осеб дидааст. «Дар ин ҷо жола майдони 720 гектар кишти пунбадонаро хароб […]

Турко Дикаев


Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Кӯлоб, боришоти пуршиддат тайи як моҳи ахир дар маҷмуъ ба хоҷагидории шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми 3,2 млн. сомонӣ хисорот овардааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти мазкур хабар дод, аз ҳама бештар бахши кишоварзии ноҳияи Кӯлоб осеб дидааст. «Дар ин ҷо жола майдони 720 гектар кишти пунбадонаро хароб сохта, борони сел майдони 109 гектар заминҳои кишти зироати ғалладонаро шустааст. Ҳамчунин ба даҳҳо гектар заминҳои кишти картошка, сабзавот ва дигар зироатҳо низ зарар расонида шуда, ҳаҷми умумии зарар ба бахши кишоварзӣ дар ҳаҷми 1,5 млн. сомонӣ арзёбӣ шудааст», – гуфт сарчашма ва афзуд, ки ҳамчунин аз ин офати табиӣ иншооти пешгирии селҳо, рооҳҳои автомбилгард ва пулҳо низ осеб дидаанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар маҳаллаҳои аҳолинишин комиссияи махсус ҷиҳати муайян кардани зарари офат ба аҳолӣ машғули кор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.