Тақвияти раванди дохилшавии Тоҷикистон ба СУС

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» баррасӣ шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯро таъкид шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур оид ба тақвият бахшидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯро таъкид шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур оид ба тақвият бахшидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия ва пешниҳод гардида, мақсади асосии он ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ташкил ва истифодаи воситаҳои криптографӣ ҳангоми додугирифт ва нигоҳдории иттилоот тавассути шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашудаи коммуникатсионӣ ва воситаҳои барномавӣ – техникӣ буда, қоидаҳои истифодабарии воситаҳои криптографиро аз тарафи мақомоти давлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бар мегирад.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъала дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ва дигар аъзои Шӯро дар бораи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа воридшуда фикру андешаҳои худро иброз дошта, таъкид намуданд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур бо мақсади такмили фазои ҳуқуқии кишвар таҳия ва барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯро пешниҳод гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.