Ҳаракати нақлиёт ба минтақаи шарқи ҷумҳурӣ барқарор шуд

Date:


Шаби гузашта ҳаракати нақлиёт ба минтақаи шарқи ҷумҳурӣ тавассути роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки шаби 13-уми май бар асари сангфароӣ хароб гардида буд, пурра барқарор карда шуд. Ба ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ иҷозат дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, субҳи имрӯз дар тамоми роҳҳои автомобилгарди кишвар ҳаракати нақлиёт бемамониат таъмин аст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи шаби 13-уми майи соли равон дар километри 23-юми роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки минтақаи шарқи ҷумҳуриро бо маркази кишвар мепайвандад, сангфароӣ ба вуқуъ пайваста, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ғайриимкон шуда буд.

Дар натиҷаи сангфароӣ беш аз 150 метри роҳи мошингард хароб гардида, баландии сангтӯдаҳо дар баъзе қисмати роҳ то 6 метр мерасид.

Ба корҳои тозакунии ин қитъаи роҳ техника ва мутахассисони Вазорати нақлиёт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ сафарбар карда шуданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...